“ПСЖ” аз Луис Энрике ҷудо шуданӣ нест!

0
554 просмотров

Роҳбарияти дастаи “ПСЖ” дар пасманзари нокомиҳо дар мавсими ҷории Лигаи Чемпионҳои УЕФА оиди ояндаи мутахассиси испанӣ Луис Энрике тасмим гирифт.

Тавре рӯзноманигор Лоик Танзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад, роҳбарияти тими шаҳри Париж Энрикеро комилан дастгирӣ мекунад. Бошгоҳ намехохад, ки иштибоҳоти пештараи хешро   такрор кунад ва дар бораи иваз кардани мураббӣ умуман сухан намеравад. Гузашта аз ин, “ПСЖ” ният дорад, ки дар равзанаи трансфери зимистона бо дархости мураббӣ ҳайати дастаро тақвият диҳад.

Ёдовар мешавем, ки Луис Энрике тобистони соли 2023 сармураббии “ПСЖ” таъин шуда буд. Қаблан мутахассис дар дастаҳои «Рома», «Селта», «Барселона» ва тими миллии Испанияро тамрин медод.

Ҳоло “ПСЖ” бо 33 имтиёз пешгоми мавсими имсолаи Лигаи 1 мебошад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

АУДИОРОЛИКИ ИҶТИМОӢ #2

Аудиоролики иҷтимоии №2 — дар доираи амалишавии лоиҳаи «ОЗОДӢ — ДАР ҚАФАС» таҳия шуда, оиди мафҳум ва оқибатҳои зӯроварӣ нисбати занон буда, аз ҳаёту рӯзгорӣ занон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: