Тоҷикистон дар намуди варзиши ушу иштирок мекунад

0
4 282 просмотров

Дар 18-умин Бозиҳои Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегардад, дар намуди ушу як нафар варзишгари ҷавони тоҷик Мирзодалерхон Хуршедзода иштирок мекунад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқа оид ба ушу 19-23 август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 8 қувваозмоӣ миёни мардон ва 6 қувваозмоӣ миёни бонувон баргузор мешавад.

Варзишгари тоҷик Мирзодалерхон Хуршедзода дар вазни 70 кг миёни мардон ширкат меварзад.

Ҳамин тариқ, шумораи варзишгарони Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои Осиё иштирок мекунанд, ба 81 нафар расид. Онҳо аз рӯи 16 намуди варзиш барои ба даст овардани медалҳои бозиҳо талош мекунанд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

ПЕШГИРИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ

Тайи ду рӯзи охир дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон борони пуршиддат борида, сабаби ба амал омадани сел гардид. Дар натиҷаи сел ҳодисаҳои дар баъзе ноҳияҳо вайрон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: