Таҳмина Ниёзова дар Маскав cуманак пухт

0
6 832 просмотров

Тахмина Ниёзова-сарояндаи номдори тоҷик дар Маскав ба пухтани суманак машғул аст. Сарояндаи номдори тоҷик Таҳмина Ниёзова дар саҳифаи расмии фейсбуки худ видиоеро нашр намуд, ки дар он сароянда ба пухтани хӯроки асосии Наврӯзӣ-суманак машғул аст.

«Барои ҷашни Наврӯз суманак мепазам. Ҳангоми кофтани суманак кас бояд дар дил нияти нек кунад»,-навиштааст сароянда дар саҳифаи худ.

Тахмина Ниёзова-ҳунарманди тоҷик, ки дар жанри поп суруд мехонад, 14-уми феврали соли 1989 дар шаҳри Душанбе дар оилаи мусиқачиён ба дунё омадааст.
Т.Ниёзова

Соҳиби ду маълумоти олӣ мебошад-рӯзноманигор ва иқтисодчӣ. Дар айни ҳол аспиранти донишгоҳи Волгогради Русия мебошад. Таҳмина баъди пирӯзӣ  дар озмуни байнулмилалии «Панҷ ситора. Интервидение» байни ҳаводорони созу суруд машҳур шуд.

Манбаъ: http://sputnik-tj.com/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Белый дом приостанавливает работу?

Белый дом и ряд федеральных ведомств начали заблаговременную подготовку к приостановке работы правительства из-за возникших разногласий касательно финансирования по обеспечению безопасности американских границ, указывает газета ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: