Барқияи тасаллияти Президенти Тоҷикистон ба Президенти ИМА

0
6 024 просмотров

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти  Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Фоҷеаи ба ҳалокат расидани  ду шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Америка бар  асари аз ҷониби ронандаи автомобил пахш кардани гурӯҳи саёҳони велосипедрон дар яке аз шоҳроҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси андӯҳ ва таассуфи бепоёни мо гардид.

Ҷиҳати муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амали золимона хадамоти дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд.

Аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, хоҳиш менамоям, ки ҳамдардиву тасаллияти амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтидагон бирасонед».

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нет комментариев

Также рекомендуем

В Душанбе сделан первый шаг для учреждения Университета ШОС

В Душанбе 19-20 октября состоялось шестое Совещание министров образования государств-членов Шанхайской организации сотрудничества, сообщает  официальный сайт ШОС. Участники Совещания обменялись мнениями о развитии и модернизации ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: