Барқияи тасаллияти Президенти Тоҷикистон ба Президенти ИМА

0
6 108 просмотров

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти  Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Фоҷеаи ба ҳалокат расидани  ду шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Америка бар  асари аз ҷониби ронандаи автомобил пахш кардани гурӯҳи саёҳони велосипедрон дар яке аз шоҳроҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси андӯҳ ва таассуфи бепоёни мо гардид.

Ҷиҳати муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амали золимона хадамоти дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд.

Аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, хоҳиш менамоям, ки ҳамдардиву тасаллияти амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтидагон бирасонед».

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Фаронса пешгирии вуруди террористон тавассути сарҳадҳои давлатҳои аъзои INTERPOL баррасӣ шуд

 Санаи 19.09.2023 дар шаҳри Лиони Фаронса Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо муовини Котиби генералии Ташкилоти байналмилалии политсияи ҷиноятӣ (INTERPOL) Стивен Кавана мулоқот намуд, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: