11-марти соли 2024 дар  вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад

0
665 просмотров

11 марти соли 2024 дар  вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Дар ин хусус  қарори Раиси вилояти Суғд ба имзо расид.

Дар доираи таҷлили Рӯзи матбуот гузаронидани маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик, мулоқоти журналистони собиқадор бо донишҷӯён, дидорбинии журналистони собиқадор, озмуни журналистон барои дарёфти Ҷоизаи вилоятии рӯзноманигорон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ дар назар аст.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар ин рӯз мусобиқаи анъанавии шоҳмоту шашка байни кормандони рӯзномаву маҷалла ва воситаҳои ахбори омма, мулоқоти собиқадорони матбуот бо аъзои маҳфили «Мухбирони ҷавон» ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешаванд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҳалокати 6 миллион нафар аз тамокукашӣ!

Бо ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) ҳамасола дар ҷаҳон 31-уми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо тамокукашӣ таҷлил мегардад. Ҳамасола дар ҷаҳон тамоку қариб 6 ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: