Рақибони футзалистони ҷавони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-2017

0
4 253 просмотров

Дар пойтахти Таиланд — шаҳри Бангкок рӯзи 30 март маросими қуръапартоии даври финалии нахустин Чемпионати Осиё оид ба футболи хурд (футзал) миёни футболбозони синни то 20-сола доир гардид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаҳои қуръапартоӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаҳои Ветнам, Япония, Тайбэйи Чин ва Индонезия ба гурӯҳи «В» шомил гардид.

ФФТ

Гуфта мешавад, ҳамагӣ 21 даста ба чор гурӯҳ — 1-тоаш 6 даста ва боқимонда 5-дастагӣ тақсим шуда, аз рӯи натиҷаи бозӣ дар гурӯҳҳо ду даста ба марҳилаи дигар роҳхат мегиранд, ки аз ин дастаҳо ҷуфтҳои чорякфиналӣ ташкил меёбанд. Минбаъд тибқи низоми олимпӣ дастаҳо аз рӯи натиҷаи бозиҳо хориҷ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Чемпионати Осиё-2017 оид ба футболи хурд миёни футболбозони синни то 20-сола аз 16 то 26 май дар Бангкок доир мегардад.

Натиҷаҳои қуръапартоии даври финалии Ҷемпионати Осиё-2017 оид ба футзал миёни ҷавонони синни то 20-сола (U-20):

Гурӯҳи «А»: Таиланд, Ироқ, Малайзия, Бруней, Баҳрайн, Афғонистон.

Гурӯҳи «В»: Ветнам, Япония, Тайбэйи Чин, Тоҷикистон, Индонезия.

Гурӯҳи «С»: Ӯзбекистон, Қатар, Лубнон, Мянма, Гонконг.

Гурӯҳи «D»: Эрон, Қирғизистон, Чин, Муғулистон, Амороти Муттаҳидаи Араб.

Манбаъ: https://www.news.tj/tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Худжанд:Молодой изобретатель получил Кубок Академии наук Таджикистана

       Среди 60 молодых учёных руководитель Центра информационных технологий Политехнического института Худжандского филиала Технологического университета Таджикистана имени М.Осими за новаторство и лучшие научные ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: