М. Абдуллоев сардовари Чемпионати ҷаҳон таъйин шуд

0
3 828 просмотров

Санаҳои 20-21 октябр дар шаҳри Касабланкаи Марокаш мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни устодон баргузор мешавад.

Дар ин бора сомонаи Федератсияи байналмилалии самбо хабар додааст.

Тавре дар ин сомона омадааст, мутахассиси варзидаи соҳаи варзиши тоҷик Маҳмуд Абдуллоев сардовари мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон миёни устодон таъйин гардидааст.

Ин довари маъруф, ки раиси комиссияи доварони Иттиҳоди самбои Осиё мебошад, бори чорум аст, ки ба шаҳри Касабланкаи Марокаш сафар намуда, бори дуюм дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ вазифаи сардовариро ба зимма дорад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сомонае пайдо шуд, ки хур-хур мекунад

Замоне, ки дар он қариб ягон чизи ҳақиқӣ нест, аллакай ҳатто хур-хур кардани гурбаро ҳам дар намуди электронӣ сохтан мумкин аст. Ба сомонаи Purrli.com даромада, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: