Баргузории мусобиқаҳои вилоятӣ оид ба пойга, чавгонбозӣ ва бузкашӣ

0
3 397 просмотров

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар майдони аспдавонии  ҷамъияти саҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рузи якшанбеи 26 март мусобиқаи вилоятӣ оид ба пойга баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ низ дар маросими кушодашавии чорабинии варзишӣ иштирок намуд. Муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода иштирокчиёни чорабинии варзишӣ ва мардуми ҷамъомадаро ба Иди Наврӯз табрик гуфта, изҳор дошт, ки ҳар сол дар арафаи иди аҷдодӣ мусобиқаҳои пойгаву бузкашӣ баргузор мешавад ва мусобиқаҳои имрӯза 19-умин мусобиқа ба ҳисоб меравад.

Мусобиқаи вилоятии пойга дар 9 давр ҷараён гирифт ва дар он беш аз 70 асп иштирок намуд. Дар даври ниҳоӣ асп бо номи «Робенгуд» масофаи муқарраршударо аз ҳама пештар тай намуд. Ба ғолибони мусобиқаи вилоятӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ба ғолиби ҷои аввал 3 ҳазор сомонӣ супорида шуд.

Дар ин рӯз ҳамчунин мусобиқа оид ба чавгонбозӣ ва бузкашӣ доир шуда, ғолибон бо тӯҳфаҳо қадршиносӣ шуданд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Тарзи дуруст тайёр кардани чой.

Мариҳилаҳои пайдарҳами тарзи дурусти ҷӯшонидани чой. Чойники холии чойдамкуниро 3-4 маротиба бо оби гарм чайқонида, онро гарм кунед. Ҳангоми ҷӯшидани об дар ҳол ба дохили ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: