Бӯстон. Баргузории мулоқотҳо дар доираи нақша-чорабиниҳои “16 рӯзи мубориза бо хушунат алайҳи зан”

0
2 859 просмотров

Дирӯз дар боғи истироҳатӣ-мадании ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон аксия оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила доир гардид.

Чорабинии мазкур дар доираи нақша-чорабиниҳои бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба “16 рӯзи мубориза бо хушунат алайҳи зан” роҳандозӣ гардидааст. Дар ин рӯз дар баробари суҳбату мулоқотҳо бо аҳолӣ ва меҳмонони шаҳр, инчунин варақаҳои иттилоотӣ оид ба ҳуқуқи  зану мард дар оила ва дигар масъалаҳои марбут ба оиладорӣ ба иштирокдорон ва роҳгузарон дастрас карда шуд.

Хотиррасон мешавем, ки аз 25-уми ноябр то 10-уми декабри соли равон дар тамоми ҷаҳон “16 рӯзи мубориза бар зидди  хушунати хонаводагӣ нисбат ба занон”  мегузарад, ки ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти умдаи иҷтимоӣ, ба хусус зӯроварии оилавӣ нисбат ба занону духтарон мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Зодаи Тоҷикистон сармураббии дастаи “Балтика”-и Калининград шуд

Игор Черевченко, футболбози пешини тими миллии Тоҷикистон, сармураббии бошгоҳи “Балтика”-и Калинингради Русия шудааст.Ӯ дар ин симмат Игор Захарякро иваз намуда, ба иттилои торнамои бошгоҳ фаъолияташро ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: