Оғози мумфаршкунии роҳи мошингарди Зафаробод-Бекобод

0
2 229 просмотров

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфаршкунии 5 км роҳи мошингарди Зафаробод-Бекобод то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон оғоз ёфт.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор намуд,  ки бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷараён доранд.

Зикр гардид, ки дар ноҳияи Зафаробод низ дар ин раванд даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёду навсозӣ гардида,  мардум бо рӯҳияи баланд баҳри таҷлили сазовори ҷашни таърихӣ талош доранд.

Иттилоъ дода шуд,  ки роҳи мумфаршшаванда дар Ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод ҷойгир буда, дарозии  умумии он 34,2 километр аст. Масоҳати роҳи мумфаршшаванда 5 км аст ва паҳноии он 7 метр мебошад.

Фармоишгари корҳо Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва пудратчӣ ҶДММ “Тоҷроуд” аст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Оғози бунёди хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе — ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ

Нимаи дуюми рӯзи гузашта Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос ба бунёди хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе — ноҳияҳои тобеи марказ ва ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: