Зимистони имсолаи Тоҷикистон муътадил пешгӯӣ мешавад

1
6 141 просмотров

Обуҳавошиносон зимистони имсола дар Тоҷикистонро муътадил пешгӯӣ мекунанд. Сардори шуъбаи пешгӯиҳои гидрометеорологии Муассисаи давлатии гидрометеорологии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки моҳи декабр ҳаво нисбатан гарм омада, аз 3 декабр боронҳо шурӯъ мешаванд. Дар ҳамин ҳол, аз кай боридани барф дар шаҳрҳо маълумот дода нашуд. Обуҳавошиносон моҳи январ ҳарорати нисбатан сардро пешгӯӣ мекунанд. «Соли гузашта моҳи феврал сард омада, моҳҳои декабр ва январ нисбатан гарм буданд. Имсол мо моҳи январро сард ва моҳи февралро нисбатан гарм пешгӯӣ мекунем», — гуфт Байдуллоева. Ба гуфтаи ӯ, ин пешгӯӣ дар ҳамдастӣ бо хадамоти гидрометеоролгии Русия омода шудааст. Дар ҳамин ҳол, обуҳавошиносони амрикоӣ низ, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ обуҳаворо пешгӯӣ мекунанд,муътадил омадани зимистони имсола дар Тоҷикистонро тасдиқ кардаанд.

«Тамоми муддати моҳҳои зимистон поинравии ҳарорати ҳаво, боридани барф дар назар буда, ҳарорат муътадил, сард, вале на он қадр хунукии шиддатнок чун дар соли 2008 хоҳд буд», — афзуд Байдуллоева.

Манбаъ: http://news.tj/

Также рекомендуем

Разрабатывания аналога «скандинавской модели»

Центрально-Азиатская республика уверенно движется к статусу социального государства, разрабатывая свой аналог всемирно известной «скандинавской модели». Президент Казахстана Нурсултан Назарбаев представил новую стратегию страны, главным приоритетом ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: