Зодаи Тоҷикистон сармураббии дастаи “Балтика”-и Калининград шуд

0
5 977 просмотров
Игор Черевченко, футболбози пешини тими миллии Тоҷикистон, сармураббии бошгоҳи “Балтика”-и Калинингради Русия шудааст.Ӯ дар ин симмат Игор Захарякро иваз намуда, ба иттилои торнамои бошгоҳ фаъолияташро 7 феврал оғоз кардааст. Манбаъ мегӯяд, ҳамроҳи мураббии нав Кирил Котов ва Олга Смордская, ки қаблан дар дастаи “Локомотив”-и Маскав кор мекарданд, ба “Балтика” пайвастаанд.

Игор Черевченко моҳи сентябри 2014 сармураббии тими “Локомотив”-и Маскав шуд ва моҳи августи соли гузашта аз мақомаш истеъфо дод.

Черевченко 43-сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.

Манбаъ: «Озодагон»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби асъор барои имрӯз 24.10.2017

Имрӯз, 24 октябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8100 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: