Тоҷикистон кишвари дӯстдоштаи сайёҳони Россия!

0
5 839 просмотров

Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 раддабандии  кишварҳои сайёҳии хориҷиро таҳия карда, кишварҳои барои сайёҳони Россия маъруфтарини сайёҳии хориҷиро дар соли 2017 муайян намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи 50 кишвари хориҷии барои сайёҳони Россия маъруфтарин /ТОР-50/ ворид гардид.

Бино ба маълумоти «ТурСтат», соли 2017 шумораи сафарҳои хориҷӣ аз Россия ба Тоҷикистон 116 ҳазорро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2016 5 дарсад зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, соли гузашта сайёҳони рус тақрибан 40 миллион саёҳати хориҷӣ анҷом додаанд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2016 25 дарсад зиёд мебошад.

Кишвари маъруфтарини сайёҳии хориҷӣ барои сайёҳони рус соли 2017 Туркия гардид. Пас аз он Абхазия, Финландия, Қазоқистон, Украина, Чин, Эстония, Полша, Германия ва Таиланд қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи 40 ишғол карда, аз чунин кишварҳо, ба монанди Норвегия, Шведсия, Дания, Венгрия, Қатар, Белгия, Япония, Гонконг, Сингапур ва Малдив пеш гузаштааст.

Дар раддабандӣ ҷойи охирро Португалия ишғол намудааст.

Манбаъ: Сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

ММТ: 12 июл даври иловагии ИМД барои довталабон

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: