Тоҷикистон қадамҳои устувор ба сӯи тиҷорати байналмилалии электронӣ мегузорад

0
16 просмотров

Тоҷикистон ба сӯи тиҷорати байналмилалии электронӣ қадамҳои устувор мегузорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин замина дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Ассотсиатсияи иштирокчиёни тиҷорати электронии Тоҷикистон ва бо дастгирии CIPE (Маркази байналмилалии соҳибкории хусусӣ) ҷаласаи байниидоравӣ оид ба рушди экосистемаи рақамии тиҷорати байналмилалӣ ва оғози лоиҳаҳои озмоишии тиҷорати фаромарзии электронӣ доир гардид.

Ҷаласа дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба содагардонии расмиёти тиҷорати фаромарзии бе коғаз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардида, дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Ҷаласа ба татбиқи иқдомҳои давлатӣ дар самти рақамикунонии расмиёти тиҷорати хориҷӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкории байниидоравӣ равона гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои рушди инфрасохтори рақамии тиҷорати байналмилалӣ, ҳамгироии низомҳои иттилоотии давлатӣ, истифодаи васеи ҳуҷҷатҳои электронии тиҷоратӣ ва татбиқи механизмҳои муосири рақамӣ барои содагардонии расмиёти тиҷорати фаромарзӣ баррасӣ гардиданд. Гуфта шуд, ки дар марҳилаи аввал якчанд иқдоми муҳим амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, низомҳои иттилоотии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Равзанаи ягона» ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳам муттаҳид мегарданд. Дар меҳвари ин раванд ҳисобнома-фактураи электронӣ (e-Invoice) қарор дошта, имкон медиҳад маълумот танҳо як маротиба ворид гардида, минбаъд аз ҷониби мақомоти гуногун бе пешниҳоди такрории ҳуҷҷатҳо истифода шавад.

Ҳамзамон дар доираи лоиҳаи озмоишӣ портали «Логистикаи сабз»-и ширкати «Мавсим ва К» бо низомҳои давлатии иттилоотӣ ҳамгиро гардида, хизматрасониҳои рақамӣ барои амалиёти воридотию содиротӣ дар бахшҳои «тиҷорат ба тиҷорат» (B2B) ва «тиҷорат ба истеъмолкунанда» (B2C) ба роҳ монда мешаванд.

Дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андоз низоми пардохт ҳангоми таҳвил (Cash on Delivery) бо истифода аз расиди электронӣ ба таври озмоишӣ мавриди истифода қарор дода мешавад, ки ба рушди тиҷорати электронӣ ва баланд бардоштани эътимоди иштирокчиёни бозор мусоидат хоҳад кард.

Татбиқи ин ташаббусҳо суръати барасмиятдарории молҳоро афзоиш дода, сатҳи шаффофияти расмиёти тиҷоратиро беҳтар намуда, хароҷоти соҳибкоронро коҳиш медиҳад.

Тиҷорати электронӣ танҳо истифодаи ҳуҷҷатҳои рақамӣ набуда, балки қадами муҳим ба сӯи иқтисодиёти муосир, самаранок ва рақобатпазири Тоҷикистон мебошад.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: