Тими мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА ба зинаи 108-ум баромад

0
1 388 просмотров

Ба туфайли баромади бомуваффақона дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА шаш зина боло – аз 114-ум ба зинаи 108-ум баромад.

Дастаи мо 1179 хол дорад, ки ин назар ба нашри қаблӣ 19,68 хол зиёд аст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар моҳи июн чаҳор бозӣ анҷом дод — дар бозии дӯстона аз тими миллии Сурия дар Дубай шикаст хӯрд (0:1) ва ду пирӯзӣ бар тимҳои миллии Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) ба даст овард. Инчунин дар ин мусобиқа бо дастаи Қирғизистон мусовӣ (0:0) кард.

Миёни дастаҳои Осиё тими миллии Тоҷикистон дар зинаи 20-ум қарор дорад.

Рейтинги нави ФИФА

1. Бразилия — 1837.
2. Белгия — 1821.
3. Аргентина — 1770.
4. Фаронса — 1764.
5. Англия — 1737.
6. Испания — 1716.
7. Италия — 1713.
8. Нидерланд — 1679.
9. Португалия — 1678.
10. Дания — 1665…

35. Россия — 1493…

40. Миср — 1483…

108. Тоҷикистон — 1179

114. Қазоқистон — 1166

120. Ливия — 1148

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Кириллица/Латиница — у каждого свой выбор…

Президент Киргизии Алмазбек Атамбаев выступил против перехода на латиницу. Как передает RG.RU — об этом он заявил на международном форуме, посвященной алтайской цивилизации, в Бишкеке. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: