Теъдоди фаввораҳои шаҳри Хуҷанд ба 25 адад расид

0
2 309 просмотров

Дар шаҳри Хуҷанд дар асоси дастуру роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омодагӣ ва корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Дар доираи ин тадбирҳо дар шаҳри Хуҷанд боз 4 фаввораҳои зебои замонавӣ мавриди истифода қарор  дода шуд. Минбаъд ду фаввораи зебою бо чароғакҳои ранга оро додашуда дар назди бинои маъмурии Иттифоқҳои касабаи вилоят ва як чунин фаввора дар саҳни даромадгоҳи бинои Идораи стандарти вилояти Суғд, ки ҳарду бинои номбурда дар хиёбони марказии  шаҳр,- ба номи И. Сомонӣ ҷойгир аст, ба ҳусни шаҳри Хуҷанд ҳусни дигар зам хоҳанд кард.
Ҳамчунин чунин фаввораи бо тарҳи хоси шарқӣ сохташуда дар ҳудуди «Минтақаи озоди Суғд» ба истифода дода шуд. Ҳамин тавр теъдоди умумии фаввораҳои маркази вилоят ба 25 адад расид, ки ба мавзеи фарҳангию фароғатии сокинон ва меҳмонони Хуҷанди бостонӣ ба ҳисоб меравад.

Манбаъ: http://khujand.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Намоиш — озмуни ҳунармандон дар Хуҷанд

Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чойхонаи «Нури аҷам»-и маркази вилоят озмуни шаҳрии «Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм», «Қанноди беҳтарин» ва ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: