Теҳрон: Суқути ҳавопаймо ва ҳалокати 180 мусофир (навор)

0
1 931 просмотров

Ҳавопаймои украинӣ бо 180 мусофир бинобар “мушкилоти техникӣ” дар фурудгоҳи байналмилалии Имом Хумайнии Теҳрон суқут кард

Як фарванд ҳавопаймои муофирбарии мутааллиқ ба хутути ҳавоии Украина, наздики фурӯдгоҳи Имом Хумайнӣ (р)-и Теҳрон суқут кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Ҳавопаймои украинии UIA ба шумораи  752-PS, ки бо як соат таъхир аз мақсади Теҳрон озими Киев буд, субҳи имрӯз (чоршанбе) пас аз бархостан аз фурӯдгоҳи Имом Хумайнӣ (р), дар ҳаволии шаҳри Паранд дар устони Теҳрон суқут кард.

Муҷтабо Холидӣ, сухангӯи Созмони уржонси Эрон дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт: Ҳавопаймои мусофирбарии Boeing 737 мутааллиқ ба хутути ҳавоии Украина, пас аз парвоз аз фурӯдгоҳи Имом Хумайнӣ (р) дучори нақзи фаннӣ шуд ва суқут кард.

Холидӣ афзуд: Ахбори аввалия ҳокӣ аст, ин ҳавопаймо, ки озими Киев, пойтахти Украина буд, 180 мусофир ва хадама доштааст.

Иттилооти такмилии ин сонеҳаи ҳавоӣ пас аз арёбии комил иттилоърасонӣ хоҳад шуд.

Манбаъ://sputnik-tj.com

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 02.03.2021

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3045 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: