Таъсиси Шӯрои вилоятӣ оид ба дарёфти истеъдодҳои ҷавон

0
4 782 просмотров

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд “Дар бораи таъсис додани Шӯрои илмӣ-машваратӣ оид ба дарёфти истеъдодҳо, навоварон ва ихтироъкорони ҷавон дар вилояти Суғд” ба тасвиб расид.

Тибқи қарори мазкур Шӯрои илмӣ-машваратӣ оид ба дарёфти истеъдодҳо, навоварон ва ихтироъкорони ҷавон дар вилояти Суғд таъсис дода шуда, ҳайат ва низомномаи Шӯро тасдиқ карда шудааст.

Хотирнишон бояд кард, ки ҷалби таваҷҷуҳи омӯзгорон, падару модарон ва хонандагон ҷиҳати дарёфт намудани истеъдодҳо, навоварон ва ихтироъкорони ҷавон ва ҳалли эҳтиёҷоту мушкилоти онҳо, ҳамоҳангсозии фаъолияти Раёсатҳо, шуъбаҳои маориф, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳо, сохторҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шӯроҳои шаҳриву ноҳиявӣ оид ба дарёфт намудани истеъдодҳо, навоварон ва ихтироъкорони ҷавон  аз вазифаҳои асосии Шӯрои илмӣ-машваратӣ оид ба дарёфти истеъдодҳо, навоварон ва ихтироъкорони ҷавон дар вилояти Суғд маҳсуб меёбад.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 28.04.2022

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 12.4950 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: