Тарҷумони Skype- барои зангҳои овозӣ

6
4 882 просмотров
http://hitech.vesti.ru/

http://hitech.vesti.ru/

Иттиҳодияи Microsoft тафсири озмоишии хизматгузории нави Skype Translator-ро ба кор андохт. Он орзуи деринаи хаёлпарастон (фантасты)-ро дар амал татбиқ намудааст. Ба воситаи барномаи нав, истифодабарандагон метавонанд мазмуни гуфтори якдигарро шунида, бо ҳам муошират кунанд.

Дар айни замон Skype Translator танҳо барои  Windows 8.1 пешбинӣ шуда, он танҳо ба санҷиш номнависшудагон дастрас аст. Илова бар ин, тарҷума бо забонҳои англисӣ ва испанӣ дастрас гардида, дар назар аст, ки ба он забони немисӣ низ дароварда шавад. Microsoft ҳамчунин ният дорад, ки забонҳои арабӣ, фаронсавӣ, итолиёвӣ, ҷопонӣ, кореягӣ, португалӣ ва ду шеваҳои муҳимтарини хитоиро дар система ҷорӣ намояд.

Microsoft  қайд мекунад, ки Skype Translator ҳамаи калимаҳои талаффузшударо дар матни васеъ қабул мекунад. Ҳамин тариқ, чӣ қадаре ки истифодабарандагон аз калимаҳои паҳншуда истифода баранд, ҳамон қадар тарҷума саҳеҳтар мегардад. Барои он ки, технология ба воқеият наздик шавад,  ширкат тӯли якчанд сол маълумотҳои зиёди забониро таҳлил намуд.

Хабарнигорон қайд мекунанд, ки ҳатто замимаи озмоишии Skype Translator  хеле аниқ буда, барои муоширати мукаммал мусоидат мекунад. Система тахминан 90 фисади калимаҳоро дарёфт карда метавонад. Мазмуни қисматҳои нодуруст тарҷумашуда, одатан аз матнҳо аён мегардад.

Сарчашма: matrix-tv.tj

6 comments

Добавить комментарий для Биение сердца Отменить ответ

Также рекомендуем

Шаббос Негматуллоев дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Элорда» медали биринҷӣ ба даст овард

Муштзани  соҳибноми  кишвар, иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 — Шаббос Негматуллоев дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокси «Ҷоми Элорда » дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон медали ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: