Танӯри нонвойхона 12960-сомонӣ зарари моддӣ расонид

0
5 862 просмотров

Рӯзи 9-уми январи соли 2018, ҳангоми гузаронидани санҷиши муштарак аз ҷониби кормандони милитсия ва дигар мақомоти дахлдор муайян карда шуд, ки марди 55-солаи сокини ҷамоати Россияи ноҳияи Рӯдакӣ, соҳибкор-нонпаз, ғайриқонунӣ бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобгираки барқӣ қувваи барқро ба танури нонвойхонааш, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ ш.Душанбе гузаронидааст. Дар натиҷа номбурда ба ширкати саҳҳомии холдингии “Барқи Тоҷик”, ба миқдори 12 ҳазору 960-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. Нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

 

Сомонаи расмии MVD.TJ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 28.02.2020

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.6800 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: