Тафсилоти сӯхтори бозори «Султони Кабир»: сабаб ва ҳаҷми хисорот маълум шуд

0
3 645 просмотров

Омили асосии сӯхтор дар бозори «Султони Кабир», ки субҳи рӯзи 25 январ рух дод, расиши кӯтоҳи ноқилҳо арзёбӣ мешавад, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, сӯхтор ду айвони фурӯши молҳои пластикиро фаро гирифта буд.

Гуфта мешавад, алангаи сӯхтор бо гузашти 2 соат ва бо заҳмати 348 нафар кормандони оташнишонӣ пурра хомӯш гардид. Дар хомӯш шудани сӯхтор ҳамчунин 16 автомашинаи оташнишонӣ ва 200 корманди дастаи таъиноти махсус, РВКД дар шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд.

Манбаъ меафзояд, зарари расонида шуда аз сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

«Аз оташ молу маҳсулоти мардум ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ эмин дошта шуд», — омадааст дар хабарнома.ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи сӯхтор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Манбаъ: Sputnik.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар «Чароғи меҳр» аз Норинисо ёд шуд.

Дар Кохи фарҳанги “Суғдиён» маҳфили ёдбуди шоира Норинисои Алимуҳаммад таҳти унвони «Чароғи меҳр» бо иштироки аҳли адаб ва мухлисони шоира баргузор гардид. Усмонҷон Юсуфӣ, мудири ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: