СУТ: коҳишёбии теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19 дар ҷаҳон

0
1 184 просмотров

Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), аз 15 то 21 августи соли 2022 шумораи ҳолатҳои нави ҳарҳафтаинаи гирифторӣ ба COVID-19 дар саросари ҷаҳон нисбат ба ҳафтаи қаблӣ 9% коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳамин ҳол, дар давоми ҳафт рӯзи охир беш аз 5,3 миллион ҳолати нав ба қайд гирифта шуда, теъдоди фавтидагон бар асари COVID-19 нисбат ба ҳафтаи гузашта 15% кам гардидааст. Ҳамин тариқ, дар саросари ҷаҳон беш аз 14 ҳазор ҳолати фавт сабт шудааст.

Ба иттилои ТУТ, то 21 августи соли 2022 дар саросари ҷаҳон 593 миллион ҳолати тасдиқшудаи коронавирус ва 6,4 миллион фавт ба қайд гирифта шудааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Кумаки Хадамоти иҷро дар арафаи Соли нави мелодӣ ба пиронсолону маъюбон

Дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода ба муассисаи давлатии “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон”-и шаҳри Турсунзода кумаки маводҳои эҳтиёҷотӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, уребча (памперс), хамираи дандоншӯӣ, собун, хокаи ҷомашӯӣ, сони сафед расонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: