“ССКА”, Камерун, “Краснодар” бо Тоҷикистон…

0
2 725 просмотров

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020 тими олимпии Тоҷикистон оид ба футбол (U-23) дар машғулияти машқию омӯзишӣ дар Туркия се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Аввалин дидори мунтахаби олимпии мо дар Анталия 6 феврал муқобили ҳайати ҷавонони дастаи ССКА-и Москва (Россия) сурат мегирад. Баъдан 11 феврал тими олимпии Тоҷикистон муқобили тими олимпии Камерун вориди майдон мешавад. Дар охирин бозии санҷишӣ 13 феврал шогирдони Усмон Тошев бо ҳайати дуюми дастаи “Краснодар” вомехуранд. Ҷамъомади тими олимпии Тоҷикистон, ки 1 феврал оғоз шуд, то 15 феврал идома меёбад. Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020, ки 22-26 марти соли равон дар Тошканд ба нақша гирифта шудааст, мунтахаби олимпии мо дар гурӯҳи “F” бозӣ мекунад. Ҳарифонаш дастаҳои мунтахаби олимпии Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Ӯзбекистон (26 март) ҳастанд.

Бозиҳои санҷишӣ

6 феврал (Сешанбе)

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон – ССКА-М (Москва, Россия)

11 феврал (Душанбе)

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон – Мунтахаби олимпии Камерун

13 феврал (Чоршанбе)

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон – «Краснодар»-М (Краснодар, Россия)

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 18% афзуд

Дар 9 моҳи соли 2022 корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 30011,2 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 бо нархҳои муқоисавӣ 18,0 фоиз афзудааст. Дар ин бора ба ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: