Соли 2014 Палатаи савдо ва саноат 700 тоҷирро аъзои худ кард

1
5 496 просмотров

74Зимни нишасти матбуотӣ, ки дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, оид ба фаъолияти ин сохтор дар давоми соли сипаригашта иттилоъ дода шуд. Иброз гардид, ки дар соли 2014 Палатаи савдо ва саноати мамлакат беш аз 700 аъзоро ҷалб кард. Ҳамзамон дар ин давра 31 намоишгоҳ — ярмаркаҳои миллӣ ва байналмилалӣ, 26 бизнес-форум ва вохӯриҳои доираҳои соҳибкорӣ бо иштироки намояндагони Васоити ахбори омма доир карда шудааст. Дар ин давра баҳри боз ҳам васеъ гардонидани имкониятҳои иқтисодии кишвар бо як қатор кишварҳои аъзои Созмони Палатаи савдо ва саноати Ҷаҳонӣ паймони ҳамкориҳо баста шудааст, ки аз он 12 созишномаи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷ баҳри ҷалби сармоя дар раванди рушди иқтисодии кишвар нигаронида шудааст. Дар ҷараёни нишаст хабарнигорон доир ба паҳлӯҳои мухталифи фаолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ зоҳир карда, ба саволҳои худ аз масъулин посух гирифтанд. Дар ин бора  jahonnamo.tj  хабар медиҳад.

1 comment

Добавить комментарий для мехрона Отменить ответ

Также рекомендуем

60 тонн масла переданной Россией Таджикистану

60 тонн масла будет доставлено в город Худжанд в рамках гуманитарной помощи, переданной Россией Таджикистану. В рамках Всемирной продовольственной программы ООН Россия передала Таджикистану гуманитарный груз, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: