Соҳили дарёи Сир аз алаф тоза мешавад

0
2 629 просмотров

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии  вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд корҳои соҳилтозакунӣ ва даравидани обсабзҳои хушкида ва алафҳои бегонаи соҳили дарёи Сир идома дорад. Шурӯъ аз оғози ҳафта чанд техникаи гуногуниқтидори махсус дар соҳил барои даравидан кашондан ва ҳамвор намудани соҳил машғул буда, кормандони идораи ҳифзи муҳити зист аз рафти корҳо назорат мебаранд.
Раёсати муҳити зисти вилоят ва шаҳри Хуҷанд ният доранд давоми ҳафта соҳили чапи дарёро аз кӯпруки асосии шаҳр то кӯпруки «Ҷашнӣ» корҳоро давоми ҳафта идома диҳанд.
Назар ба маълумоти идораи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд барои корҳои соҳилтозакунӣ кормандони ин муассиса ва воситаҳои техники махсус вобаста карда шудаанд. Лозим ба ёдоварист, ки корҳои соҳилтозакунӣ дар соҳили чапи дарё масофаи наздик се километрро дар бар мегирад.

Дар ин бора http://www.khujand.tj/tg/arhiv/1293-darya хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Таджикские ветераны заняли третье место на Кубке ШОС в Казани

Команда ветеранов Таджикистана заняла третье место на Кубке Секретариата Делового совета Шанхайской организации сотрудничества (ШОС). Первый международный футбольный турнир среди команд ветеранов стран – участниц ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: