Соҳибкори тоҷик чемпиони Амрико шуд

0
4 361 просмотров

Аз ахбори телевизион мужда расид, ки варзишгари ҷавони тоҷик Ҷовидон Сорбон дар як мусобиқаи байналмилалии муҳорибаҳои омехтаи  ИМА ҳарифи бразилиягиашро мағлуб сохта, унвони чемпионии ин кишвари орзуҳо сарфароз гардидааст.

Дар вақти бозгашт ба Ватан ӯро дар фурудгоҳи Душанбе Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев, қиблагоҳаш — Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон ва наздикону мухлисон таҳти мусиқии миллӣ ботантана пешвоз гирифтанд.

Хеле хушам омад, ки устод Сорбон ҷигарбандашро ба оғӯш гирифта, изҳори хурсандӣ намуд, ки ӯ дастоварди варзишии Ҷовидонро аз ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинад.

Афзалшо Шодиев бошад, аз ҳама беш  қаноатманд буду ӯро падарвор истиқбол намуд ва фарзанди худ хонд. Ин иддаои сарояндаи шинохтаю маҳбуб  воқеан ҷой доштааст.

Манбаъ: Сомонаи Тоҷикистонтаймс

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз 18.10.2017

Имрӯз, 18 октябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8100 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: