Шарму ҳаё ва куртаи чакан роҳи тоҷикдухтарро ба озмуни зебоии Маскав кушод

0
8 369 просмотров

Дилфуза Холиқова — тоҷикдухтари муқими Русия барои ширкат дар яке аз озмунҳои зебоӣ дар Маскав роҳхат гирифт.

Дилфуза Холиқова дар озмуни зебоии Мисс «Москва — Событие» Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Чуноне ки Фарҳод Ҷомаҳмадзода иттилоъ дод, Дилфуза дар давраи аввали ин озмун ширкат карда, ба дигар давраҳо роҳ ёфтааст.

Дилфуза Холикова

«Дилфуза бо пешниҳоди яке аз дугонаҳояш ба ҳунарозмоӣ ё кастинг меояд ва доварон ӯро интихоб мекунанд», — гуфт ӯ ва афзуд, ки либоси тоҷикии Дилфуза, ки пироҳани чакан ба бар карда буд, боис шудааст, ки доварони ҳунарозмоӣ ӯро интихоб кунанд.

«Диля, дар тан пироҳани дарози чакан ба кастинг омада, ҳамаро дар ҳайрат гузоштааст. Коргардон шӯхиомез гуфтааст, ки «дақиқан худат пирӯз хоҳӣ шуд», — афзуд Ҷомаҳмадзода.

Ҳамчунин яке аз шартҳои озмун, роҳ рафтан дар либоси нимбараҳна — шино будааст, ки Дилфуза онро напазируфтааст ва доварон ин дархосташро низ ба назар гирифтаанд.

Дилфуза Холиқова дар ноҳияи Шаҳритус ба дунё омада, 23-сола аст. Вай 15 сол боз дар Русия зиндагӣ дорад ва Донишгоҳи ҳунари шаҳри Череповетскро ба поён бурдааст. Чуноне ки худаш мегӯяд, кӯшиш дорад таҳсилашро дар Донишгоҳи равобити байналмилали Русия ё МГИМО идома диҳад.

Озмуни зебоии Мисс «Москва-Событие»-ро даргоҳи иттилоърасонии «Москва — Событие» баргузор мекунад. Ҳадаф аз баргузории он шиносоии духтарони фаъол ва боистеъдод мебошад. Дар ин озмун духтарони аз 18-сола то 25-сола метавонанд ширкат кунанд. Озмуни зебоии Маскав аз чаҳор давра иборат буда, барандаи озмунро тоҷ, ҷоизаи нақдӣ ва дигар ҳадяҳо интизор аст.

Даври ниҳоии ин озмуни зебоӣ 20-уми август баргузор мешавад.

Манбаъ: http://sputnik-tj.com/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Жизнь Максима Фадеева непредсказуема!

Российский музыкальный продюсер, аранжировщик, исполнитель и автор песен, композитор, режиссер видеоклипов. Максим Фадеев родился весной 1968 года в уральском городе Кургане, в семье композитора, Заслуженного деятеля ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: