Сайре ба Фондарё

0
4 942 просмотров

Фондарё — яке аз дарёҳои Тоҷикистон , ки шохоби тарафи чапи дарёи Зарафшон аст, 24 километр дарозӣ, масоҳати ҳавзаи ҷоришави 3230 км², ва хуруҷи об — 62,6 м³/с. мебошад.

58 % оби худро аз ҳисоби шохоби асосиаш, дарёи Яғноб, ки аз пиряхҳои каторкӯҳи Зарафшон об шуда меояд, ва 30 % аз Искандардарё, ки аввали худро аз Искандаркул мегирад, ба Фондарё мерезад.

Ҷои саршуд дар назди шаҳраки Зарафшон — дарёи Яғноб бо Искандардарё якҷоя шуда, Фондарё ном мегирад ва 2 километр то шаҳраки Айнӣ норасида бо дарёи Зарафшон якҷоя мешаванд.

Дарозии Фондарё бо дарёи Яғноб, ҳамаги 140 километро ташкил мекунад. Бо хати дарё, роҳи автомобилгарди Душанбе — Самарканд — Тошкент мегузарад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Wanna Kicks – ҳуҷраи либоспӯшии виртуалӣ

Ҳангоми харидории либос ё пойафзол аз интернет фаҳмидан мушкил аст, ки кадом намуна ба мо шинам мешавад. Инҷо ба ёрии мо замимае бо воқеияти пуркарда ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: