Савганди дарёфти шаҳрвандии Русия: Путин дастгирӣ кард

0
5 324 просмотров

Дар Русия қонуне тасвиб мешавад, ки бар асоси он касоне, ки шаҳрвандии ин кишварро дарёфт мекунанд, бояд савганд ёд кунанд. Ёдкарди савганд дар маросими дарёфти шаҳрвандии Русия масъулиятшиносии шаҳрвандони навро бештар карда онро шукӯҳи тоза медиҳад. Ин қонун ҳамчунин шаҳрвандии Русияро аз касоне, ки муттаҳам ба терорризм ва ифротгароӣ шудаанд, хоҳад гирифт. Русия масъалаи осонсозии дарёфти шаҳрвандиро дубора матраҳ мекунад. Раисҷумҳури Русия ин пешниҳодро дастгирӣ карда, дастур додааст то матни савганд омода карда шавад. «Вақте ҷавонон ба хидмати низомӣ мераванд, савганд ёд мекунанд. Вале вақте як шахс шаҳрвандии дигар кишварро дарёфт мекунад, хуб мешавад ки чуноне ки дар дигар кишварҳо расм аст, бо савганд хоҳиши худро барои дарёфти шаҳрвандӣ ва риояи қавонини ин кишвар изҳор кунад», — гуфт Владимир Путин. Ӯ ҳамчунин дастур дод, ки дар қонун бояд муҷозот барои пешниҳоди иттилооти дурӯғ аз сӯи дарёфткунандаи шаҳрвандӣ навишта шавад. Ҳамакнун намояндагони Думаи кишварии Русия матни савгандро омода мекунанд.

        Источник: http://sputnik-tj.com/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Таджикистан и Грузия договорились об открытии прямого авиасообщения

Авиационные  ведомства Таджикистана и Грузии достигли договоренностей по установлению прямого авиасообщения между городами двух стран. Меморандум о воздушном сообщении подписан в минувшую среду в Тбилиси. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: