Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад,ки аз санаи 29 январи соли 2019 роҳкирои автобусҳои мусофиркашонии сайрхати № 1, № 2 ва № 5 Хуҷанд –Ғафуров.ҳамчунин сайрхати № 3 Хуҷанд – Бӯстон 2 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Дар баробари ин нархи роҳкиро дар тамоми сайрхатҳо аз шаҳри Хуҷанд то истгоҳи «Сомонбозор» 1 сомонию 50 дирам пешбинӣ гаштааст.
Нархи хизматрасонии автобусҳо дар дохили шаҳрҳои Хуҷанд,Бӯстон,Гулистон ва шаҳраки Ғафуров 1 сомонӣ боқӣ мемонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: «Ҳавои ноустувор рӯзҳои наздик боқӣ хоҳад монд»
Мувофиқи пешгӯии ҳавошиносон то 20 май дар миқёси ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ хоҳад монд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ...


Нет комментариев