Расман: «Атлетико» вориси Роналдуро харидорӣ кард

0
2 545 просмотров

Бошгоҳи “Атлетико Мадрид” дар сомонааш аз гузариши ҳамлавари ҷавони португалии дастаи “Бенфика” — Жоау Фелиш расман иттилоъ дод. Дастаи шаҳри Мадрид барои харидории ин ғунчаи пур аз ҳунар 126 млн евро пардохт намудааст, ки ин нишондод дар таърихи “Атлетико” гаронарзиштарин футболбоз ба ҳисоб меравад.

Қарордод байни “Атлетико” ва Жоау Фелиш 7 солро дар бар мегирад. Ёдовар мешавем, ки Жоау Фелишро ҳама дар мунтахаби Португалия вориси Криштиану Роналду ном мебаранд, чаро ки бозии ӯ ба бозии Криш хеле монандӣ дорад. Дар мавсими 2018/19 Фелиш дар 43 бозии дастааш ширкат карда, ба задани 20 тӯб ва 11 партофти головар даст ёфтааст.

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 15.03.2024

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст: 1 доллари ИМА — 10.9523 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: