Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад

0
1 291 просмотров

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба тасвиб расид. 

Чорабиниҳои мазкур бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар  мамлакат  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад.

Ҳамасола дар Рӯзи пойтахт дар чор ноҳияи  шаҳр,  бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ  баргузор мегардиданд. Ҳамчунин дар ин рӯз  озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи  шаҳри Душанбе — «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол» ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо мукофотҳои муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Теъдоди кӯдакистонҳо 10 адад афзуд

Соли  2014 теъдоди  кӯдакистонҳо дар вилоят 10 адад афзуд. Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилоят иттилоъ доданд. Ба иттилои масъулин соли 2014 дар вилоят ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: