Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
2 003 просмотров

Аз 25 то 27 июни соли равон  дар Душанбе  Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Театри давлати дарамавии ба номи Садриддин Айнӣ оғоз мегардад.

Тавре аз Раёсати байналмилалии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  пеш  аз оғози ин маъракаи фарҳангӣ   дар назар аст, ки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия мулоқот намояд.  Дар доираи баргузории ин рӯзҳо Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши Осорхонаи давлатии таърихию меъмории Вологодаи Федератсияи Россияро  таҳти унвони «Вологодская кружево»  ташкил менамояд.

Тибқи барнома, сафари иштирокдорони  Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия ба шаҳри Норак, НБО-и  «Норак», ноҳияи Варзобу Данғара дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара барномаи фарҳангӣ бо  иштироки ҳунармандони рус  пешбинӣ шудааст. Меҳмонон ҳамчунин  аз  «Кохи Наврӯз», Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар мавзеъҳои ҷолибу тамошобоби пойтахт боздид хоҳанд намуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Государственный флаг Таджикистана на открытии Олимпийских Игр «Токио-2020» несёт Темур Рахимов

Честь нести Государственный флаг Таджикистана на открытии Олимпийских Игр «Токио-2020» выпала на борца Темура Рахимова. Такое решение было принято по итогам заседания Генеральной ассамблеи Национального ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: