Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии «Бозиҳои оянда» иштирок намуданд

0
101 просмотров

29 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Остона дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии  “Бозиҳои оянда” иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки бозиҳои оянда рамзи давраи нав мебошад, ки дар он фарҳанги ҷисмонӣ ва технологияҳои пешрафтаи рақамӣ бо ҳам муттаҳид шудаанд.

Ин формати инноватсионӣ рӯҳияи замонро инъикос мекунад ва рушди варзишҳои анъанавиро бо имкониятҳои бепоёни зеҳнии фазои киберӣ муттаҳид месозад.

Мавриди зикр аст, ки чунин ташаббусҳо на танҳо ба рушди технологӣ нигаронида шудааст, балки ба таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод байни мардумони ҷаҳон мусоидат мекунанд.

Мусобиқаи байналмилалии бозиҳои оянда намояндагони пешбари ҷомеаи инноватсионии варзиширо дар бар мегирад ва меъёрҳои навро барои рушди варзиши рақамӣ дар кишварҳо муқаррар хоҳад кард.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Неочевидные полезные функции Android

Android изобилует множеством полезных функций, но разобраться в этом море «полезностей» порой непросто. В нашей статье мы расскажем о нескольких, неочевидных на первый взгляд, но ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: