Пешгӯии борон, жола ва раъду барқ дар Тоҷикистон

0
4 770 просмотров
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳафтаи равон дар кишвар боришоти борон, жола ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Тибқи иттилоияи ин ниҳод рӯзҳои 15-16 –уми июн боридани борони зиёд ва сар задани раъду барқ дар назар дошта шудааст. Ба иттилои манбаъ ҳамчунин баландшавии сатҳи оби дарёҳо, фаромадани ярч ва дар доманакӯҳҳо омадани сел пешбинӣ гардидааст. Ҷамила Байдуллоева, масъули Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон гуфт, феълан ҷузъиёт ва хатари эҳтимолии офатҳои табиӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол мақомот аз шаҳрвандон хоҳиш намудаанд, ки муваққатан аз сафар ба мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Тарзи пухтани пироги себин

  Маҳсулот: 600гр орд; 200 гр шир; 2 дона тухм; 1 чумчаи калон равған; 1 чумча хамиртуруши хушк ( дрожжа) ; 200 гр маргарин; Қима: ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: