Парвина Саидова: аз саҳна ба синамо

0
8 850 просмотров

Парвина Саидова, модели шинохтаи тоҷик, мехоҳад ҳунари худро дар синамо бисанҷад. Модели тоҷик мегӯяд, ҷаҳони синамо барояш чандон бегона нест, чун пеш аз ин дар филми «Аз ман нарав» нақш офарида буд. Парвина дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар назар дорад, ки дар филми «Гавҳар — раҳнамои амазонкаҳо» нақш офарад. Барои ин вай аллакай худро дар рӯйхати ҳунарозмоӣ (кастинг) худро номнавис кардааст. Вай мегӯяд, созандагони филми «Гавҳар» ӯро дар яке аз нақшҳои аслии филм дидан мехоҳанд. Парвина Саидова — машҳур ба зебосанами серфарзанд, порсол хабар дод, ки ҷашни арӯсӣ дорад.

Чанде пеш ҳаводоронии Парвина ӯро дар намоҳанге диданд, ки бо дастгирии Беҳрӯз Зеваров барои суруди «Аладдин» сабт карда буд.  «Вақт нишон медиҳад, ки ман дар саҳна мемонам  ва ё дар экран. Ман, ки як бор ҳунарамро дар синамо санҷидам, хело писандам омад», — таъкид кард вай. Филми «Гавҳар — раҳнамои амазонкаҳо» дар бораи қиссаи 40 духтарест, ки замоне дар Самарқанд қаҳрамонона марзи худро ҳифз карда буданд.

Дар нақши асосӣ Гавҳар — роҳбари духтарон, ки ба муқобили душман далерона мубориза мебарад. Созандагони филм духтаронеро, ки мехоҳанд дар нақшофарӣ низ далерӣ нишон дода, савор бар асп шамшерзаниву найзаафканӣ кунанд, барои ҳунарозмоӣ ё кастинг даъват мекунанд.

 

Манбаъ: сомонаи расмии http://sputnik-tj.com

Нет комментариев

Также рекомендуем

Анкара допустила использование Россией авиабазы в Турции

Глава МИД Турции Мевлют Чавушоглу допустил, что России разрешат использовать турецкую авиабазу Инджирлик. Цель — борьба с «Исламским государством». Анкара может дать разрешение России использовать авиабазу Инджирлик для операций ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: