Озмуни «Олими сол-2018» ҷамъбаст ва ғолибони он муайян гардиданд

0
2 917 просмотров

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни «Олими сол-2018» дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ ҷамъбаст  ва ғолибони он  муайян  гардиданд. Дар ин бора аз маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар бахши илмҳои гуманитарӣ номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултети филологияи тоҷик Субҳонҷон Аъзамов ва дар бахши илмҳои дақиқ доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи технология ва методикаи таълимӣ Абдулатиф Азизов сазовори ҷойҳои аввал  гардиданд.

Ҳамчунин Хайрулло Сабуров, Ваҳҳоб Набиев, Қамариддин Тӯхлаев, Дилбар Раҳмонова, Дилбар Тоҷибоева мақомҳои дуввумро дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ ишғол намуда, ҷойҳои  ифтихорӣ насиби Абдусалом Абдуқодиров, Мамадраҳим Исмоилов, Толибҷон Хабилов, Абдуманнон Одинаев, Анисахон Ёқубова, Додахон Ғуфронов  гардид.

Ғолибони озмун бо медал, диплом ва мукофоти пулии раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Голландия установила исторический антирекорд в отборе Евро-2016

Бронзовые призеры чемпионата мира-2014 стали главной сенсацией отбора Евро-2016. Провал сборной Голландии в отборочном турнире к чемпионату Европы 2016 года стал главной сенсацией квалификации. «Оранжевые» заняли лишь ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: