Оғози мавсими интиқоли гармӣ дар Душанбе

0
1 931 просмотров

Шурӯъ аз имрӯз, 12 октябр Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе  оғоз кард. Дар ин бора сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар айни замон  502 иншоот ва биноҳои истиқоматӣ гармӣ гирифта истодаанд.

Имсол бинобар сабаби сард омадани ҳаво мавсими гармидиҳӣ нисбат ба соли гузашта 20 рӯз пеш оғоз ёфт.

Соли 2019 Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе-1 ва 2 ба интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе 28 октябр оғоз карда буд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Нақша ба андозаи 92,2 фоиз иҷро шуд

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  ба андозаи 92,2 фоиз иҷро шуд. То имрӯз шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Шаҳристон, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: