Нозия ба саҳна баргашт ва таронаи падарро зинда кард

0
4 006 просмотров

Намоҳанги тозаи овозхонҳои номии тоҷик Нозияи Кароматуллоҳ ва Муҳаммадрофеи Кароматуллоҳ «Эй ишқи рӯҳафзо» боиси хушнудии мухлисони падари ҳунармандони ҷавонон — Қароматуллоҳи Қурбон гардидааст. Ба гуфтаи онҳо, Нозия на танҳо ба саҳна баргашт, балки бо бародараш таронаи падарро дубора зинда карданд.

Картинки по запросу Нозияи Кароматуллоҳ

Сарояндаҳои номии тоҷик Нозияи Кароматулло ва Муҳаммадрофеи Кароматулло таронаи «Эй ишқи рӯҳафзо»-и шодравон Кароматуллоҳи Қурбон ва Ширинмоҳ Ниҳоловаро бозсароӣ карданд.

Картинки по запросу Нозияи Кароматуллоҳ

Мухлисони Нозияи Кароматулло аз мунташир шудани намоҳанги тозаи Нозия изҳори хушнудӣ карда, онро нишонаи бозгашти сароянда ба саҳна унвон кардаанд.

Тавре дар намоҳанги тарона дида мешавад, Нозия зоҳиран имеҷи худро нав кардааст. Ӯ бо мӯйҳои ҷингила ва чун ҳамеша абрӯвони сиёҳи тоҷиконааш намудор мешавад. Мухлисонаш дар шарҳҳои зери суруд навиштаашон аз имеҷи тозаи сароянда пазироӣ кардаанд.

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Восстанавливаем обоняние после коронавируса

«Одно из самых распространенных осложнений коронавируса — потеря обоняния, восстановить которое удается далеко не сразу. Многие также замечают, что после перенесенной болезни меняются вкусовые пристрастия, а ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: