Неймар дар орзуи бозгашт ба тими “Барселона” аст

0
510 просмотров

Ҳамлагари дастаи «Ал-Ҳилол» — Неймар аз тими хеш хостор шудааст то ӯро ба иҷора ба «Барселона» равон намоянд. Дар ин бора Sport.es мерасонад.

Бино ба маълумоти манбаъ бозигари бразилӣ мехоҳад, ки як сол дар иҷора дар тими испанӣ гузаронад ва ин қарор ҳам ба хотири барқароршавӣ аз ҷароҳати зону бароварда шудааст. Қайд карда мешавад, ки бошгоҳҳо то ҳол дар мавриди гузариши футболбоз ягон гуфтушунид нагузаронидаанд.

Ёдовар мешавем, ки «Ал-Ҳилол» 29 бозии паиҳамро бо пирӯзӣ ҷамъбаст намуда, дар чемпионати Арабистони Саудӣ бо 68 хол дар зинаи аввал аст..

Мавсими ҷорӣ Неймар дар панҷ бозӣ ба майдон омада, бо як голу се парфтоти гол аз майдон берун шудааст. Бештари вақти мавсимро футболбози бразилӣ ба хотири ҷароҳат берун аз майдон гузаронид.

Манбаъ: ТВ-Варзиш

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 27.11.2024

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст: 1 доллари ИМА — 10.6766 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: