Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва ширкати «INDO RUSSIA EXPO» шартнома ба имзо расониданд, ки тибқи он аз 5 то 15-уми март нахустин маротиба намоиш — фурӯши молҳои Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад. Дар ин чорабинӣ беш аз 20 ширкати ҳиндустонӣ маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд. Баргузории ин чорабинии иқтисодӣ қадами устувор дар тавсеаи равобити ду кишвар дар заминаи тиҷорат ва ҷалби сармояи Ҳиндустон ба Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.Бояд тазаккур дод, ки дар намоишгоҳ ширкатҳои ҳиндустонӣ маҳсулоти нассоҷӣ, чармӣ, ҷавоҳирот, ороишот, атриёт, фармасевтӣ ва дигар маҳсулоте, ки тариқи ҳунарҳои дастӣ тавлид шудаанд, пешкаши тамошобинон ва муштариён мегардонанд. Дар назар аст, ки намоиш — фурӯши маҳсулоти Ҳиндустон дар театри ба номи Камоли Хуҷандӣ доир гардад. Дар ин бора sugd.tj хабар медиҳанд.
Артиши ИМА ба танкҳои барқӣ шарт мегузорад
Артиши ИМА лоиҳаҳои навро бо истифодаи техникаи ҳарбӣ дар асоси технологияи батареяи барқӣ оғоз намуд. Артиши ИМА пеш аз ҳама ба муҳаррикҳое менигарад, ки мошинҳои ...


Нет комментариев