Намоишгоҳи маҳсулоти эронӣ дар Хуҷанд

1
4 492 просмотров

Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд, санаҳои 13-16-уми июн намоишгоҳ-ярмаркаи молҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон доир мегардад. Намоишгоҳ-ярмарка бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилоят ва ширкати намоишгоҳии «MAPPNA»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар намоишгоҳ беш аз 50 ширкати эронӣ маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.

Дар намоишгоҳи мазкур ширкатҳои эронӣ маҳсулоти нассоҷӣ, чармӣ, ҷавоҳирот, ороишот, атриёт, техникаи хоҷагии қишлоқ, соҳаҳои сохтмон, туризм, кишоварзӣ ва ғайраро пешкаши тамошобинон ва муштариён хоҳанд намуд.  Дар ин бора аз хадамоти матбуотии Раиси вилоят иттилоъ медиҳанд. 

1 comment

Добавить комментарий для Комрон Отменить ответ

Также рекомендуем

Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд аз 201 апрели соли 2017,№189 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: