Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом медиҳад

0
462 просмотров

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо тими миллии Ӯзбекистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Вохӯриҳо рӯзҳои 13 ва 15 апрел дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи технологияи информатсионии Тошканд баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд футзалбозони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойи сеюм вохӯрдаанд.

Он замон вақти асосии бозӣ мусовӣ – 5:5 анҷом ёфта, дар зарбаҳои пеналти комёбӣ насиби дастаи Ӯзбекистон – 3:1 гардид.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Имсол барои баргузории Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ 1900 нафар кормандони муваққатӣ ҷалб мегарданд

6 июн Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои кормандони муваққатии маркази имтиҳонӣ: роҳбар, ёвари роҳбар, маъмури калон, маъмур ва бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ дар шаҳру навоҳии  ҷумҳурӣ семинарҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: