Мулоқоти Парвиз Давлатзода ва Игорс Апокинс

0
2 965 просмотров

Дирӯз  муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода Сафири Ҷумҳурии Латвия дар Тоҷикистон, Игорс Апокинсро ба муносибати раёсати Латвия дар Иттиҳоди Аврупо ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳо, алалхусус равандҳои муҳими робитаҳои дуҷониба ва  ҳамкориҳои иқтисодӣ, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, масъалаҳои обу энергетика ва дигар мавзӯъҳо мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд. Зикр гардид, ки раисии Латвия дар Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, ки минтақаи Осиёи Марказиро яке аз авлавиятҳои сиёсатии хориҷии ИА муайян намудааст, барои расидан ба ҳадафҳои худ дар ин ҷода ҳамчун ҷузъи муҳим ба ҳисоб меравад. Дар ин бора khovar.tj хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Тақрибан 20% одамони аз коронавирус шифоёфта пас аз ду моҳ ҷисмҳои бегонаи зидди уфунатро гум мекунанд — коршинос

Тақрибан 15-20% -и беморони аз коронавирус шифоёфта давоми чанд моҳ пас аз шифо ёфтан  ҷисмҳои бегонаи зидди уфунатро гум мекунанд. Дар ин бора директори Институти илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: