Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ ибни Муборак ал-Муҳаннадӣ мулоқот анҷом дод. Масоили рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои мухталиф ва ҳамкории судманди ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар рафти суҳбат ҳамчунин роҷеъ ба лоиҳаҳое, ки дар Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузориҳои Қатар татбиқ мешаванд, табодули назар сурат гирифт. Дар ин бора jahonnamo.tj хабар медиҳад.
200 000 сомонӣ грант барои муаррифии ҳунарҳои миллӣ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани ҳунармандон ва бонувону духтарон, рушди ҳунарҳои дастӣ ...


Ташаккур ,ки ин маълумотхоро дастраси мо мегардонед