Дируз мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ён Ҷон Ку баргузор гашт. Дар ҷараёни мулоқот масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин дар мавриди омодагии ҷонибҳо ба чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ — Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ, ки моҳи апрел дар шаҳри Тегуи Корея баргузор мегардад ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба арзёбии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, ки онро дар моҳи июни соли ҷорӣ Душанбе мизбонӣ мекунад, табодули назар сурат гирифт. Дар ин бора jahonnamo.tj хабар медихад.
100 км бе барқ, 55 км/соат, таваққуфгоҳи бароҳат ва тормози барқароршаванда: Скутерҳои электрикии WardWizard Wolf+ ва Gen Next Nanu+ муаррифӣ карда шуданд
Истеҳсолкунандаи скутерҳои барқӣ WardWizard Innovations ду скутери навро таҳти бренди Joy e-bike-и худ муаррифӣ кард. Моделҳо Joy e-Bike Wolf+ ва Gen Next Nanu+ ном доранд. ...


Рахмати калон барои маълумот