Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғози ин маҷлис тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” қабул шуд. Хамчунин оид ба рафти иҷрои як қатор қонунҳо ҳисобот шунида шуд. Ҳамзамон дар ҷаласа барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шуд. Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2018-2019 маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар ҳамин радиф лоиҳаи як зумра қонунҳои дигар низ барои баррасӣ пешниҳод ва номгӯи барномаҳои давлатӣ тасдиқ гардиданд. Дар ин бора агентии Ховар хабар медиҳад.
Смартфоны Samsung Galaxy S22 обесценились в 3 раза больше
Компания SellCell провела исследование и выяснила, какие ныне популярные смартфоны обесцениваются быстрее всех. Выводы Главными героями исследования стали смартфоны Samsung Galaxy S22, iPhone 13 и ...


Нет комментариев