Кушодашавии маркази ташхиси — табобатӣ дар Хуҷанд

0
6 821 просмотров

Чанд рӯз қабл бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳри Хуҷанд Маркази ташхисӣ — табобатии “Афзал” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Маркази ташхисӣ — табобатии “Афзал” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шуҳрат Холматов бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ бунёд гардида, он дорои 20 кат, ошхонаву ҳаммом ва дигар шароити зарурӣ мебошад. Дар ин марказ 20 нафар мутахассисони соҳаи тиб ба кор ҷалб шудаанд, ки бархе аз онҳо дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Корея таҷриба андӯхтаанд. Раиси вилоят зимни боздид ба масъулин дастур дод, ки бояд ташхис, ҷарроҳӣ ва табобати беморон аз ҷониби кормандони ин марказ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад. Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон ба масъулини марказ тавсия дод, ки бо мақсади дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ҳар моҳ табобати 2 нафар беморон аз оилаҳои камбизоатро ба тариқи ройгон ба роҳ монанд.

 

Манбаъ:сомонаи расмии МИҲД-и вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Самые яркие свадьбы знаменитостей — 2022

Свадьба — это всегда прекрасное событие, которое связано с романтикой и ожиданием счастья. Сегодня мы расскажем о знаменитостях, которые связали себя узами брака в 2022 ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: