Президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев қонун дар бораи тасдиқи
Созишнома миёни ҳукуматҳои Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи сохтмони ду пул ва қитъаҳои роҳи мошингард миёни марзҳои давлатии ҳарду кишварро, ки оид ба он санаи 31-уми марти соли 2014 дар Душанбе тавофуқ ҳосил шуда буд, ба имзо расонид. Бино ба иттилои агентии мазкур, президенти кишвари ҳамсоя ба Вазорати корҳои хориҷии кишвараш дастур додааст, ки ҷониби Тоҷикистонро дар бораи аз ҷониби Қирғизистон ба иҷро расидани расмиёти дохилидавлатии зарурӣ барои мавриди амал қарор гирифтани созишномаи мазкур огоҳ созад. Қонун аз санаи интишор шуданаш ҳукми қонунӣ мегирад.Дар ҳамин ҳол, Отамбоев рӯзи 27-уми декабр зимни мулоқот бо рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намудааст, ки пас аз вохӯрии ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба эътидол омадани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон оғоз гардид. Дар ин бора news.tj хабар медиҳад.
Боздиди Сарвари давлат аз Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ
Имрӯз дар арафаи 24- солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и ...


рахмат барои чунин хабархо